Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисони ҳарду палатаи парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар президенти Тоҷикистонро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии Олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бозиҳои якуми аврупоӣ аз 12 то 28 июн дар шаҳри Боку баргузор шуда, барномаи бозиҳо аз 20 навъи варзиш иборат аст, ки 16 навъи он олимпӣ мебошанд. Дар ин бозиҳо варзишгарон барои ба даст овардани 253 медалҳо рақобат мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное