Бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари тими «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов барои дар бозии давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол аз дастаи Урдун ба шикаст дучор гардидани тими миллии Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон узр пурсид.
Нуриддин Давронов дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст: «Мехоҳам узр бипурсам, аввал аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дуюм аз раҳбарияти Федератсияи футбол ва аз мухлисон маъзарат мехоҳам. Барои ба пирӯзи ноил нагардидан дар бозӣ ва бохт бо ҳисоби калон. Ман аз он шармам меояд, ки ба умедҳои шумо ҷомаи амал пӯшонида натавонистем. Бори дигар бубахшед».
Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали марҳилаи дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2018 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1 бар 3
шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатӣ дар ин марҳиларо рӯзи 16 июн дар меҳмонӣ бо дастаи Бангладеш доир мекунад.



