Э.Раҳмон В.Путинро бо иди миллии Русия табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия – рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатӣ, ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия – рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатӣ, ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегиикишвар ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад.

«Мо ба ҳолати муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия, ки рушди бемайлони он ба  робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода, ҳамкориҳои самарабахши мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ боз як намунаи шарикии созандаи Тоҷикистону Русия мебошанд», – баён мегардад дар барқия.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар барқия изҳори итминон мекунад, ки ҳарду кишвар метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи  нави босифат бароранд. 

«Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб  ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳои оянда ҷиҳати шукуфоии Русияи Бузург, ба халқи бародари рус беҳбудӣ  ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам», – омадааст дар фарҷоми барқия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.