Узрпурсии футболбози мунтахаби Тоҷикистон аз президент

Бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари тими «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов барои дар бозии давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол аз дастаи Урдун ба шикаст дучор гардидани тими миллии Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон узр пурсид. Нуриддин Давронов дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст: «Мехоҳам узр бипурсам, аввал аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дуюм […]

Мавзуна Абдуллоева



Бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари тими «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов барои дар бозии давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол аз дастаи Урдун ба шикаст дучор гардидани тими миллии Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон узр пурсид.

Нуриддин Давронов дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст: «Мехоҳам узр бипурсам, аввал аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дуюм аз раҳбарияти Федератсияи футбол ва аз мухлисон маъзарат мехоҳам. Барои ба пирӯзи ноил нагардидан дар бозӣ ва бохт бо ҳисоби калон. Ман аз он шармам меояд, ки ба умедҳои шумо  ҷомаи амал пӯшонида натавонистем. Бори дигар бубахшед».

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали марҳилаи дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2018 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1 бар 3

шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатӣ дар ин марҳиларо рӯзи 16 июн дар меҳмонӣ бо дастаи Бангладеш доир мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.