Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорат бахшида ба таҷлили зодрӯзи собиқ вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович маросими гиромидошт баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти Вазорат, меҳмонон ва собиқадорон дар назди муҷассамаи хотираи шаҳидони мақомоти корҳои дохилӣ гулчанбар гузошта, сари таъзим фуруд оварданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ин ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, аз зиндагинома ва кору пайкори абармарди бузург, шодравон Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов ёдовар гардид. Мавсуф қайд кард, ки имрӯз ба мавлуди яке аз шахсиятҳои барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ азиз, собиқ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович 68-сол пур мешавад.
Дар солҳои 1996-2006, дар замони роҳбарии Ҳомиддин Ҳасанович, ки давлату миллати тоҷик баъди баромадан аз ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти вазнини даврони ташаккулёбиро аз сар мегузаронид ва дар баробари ин қонуншиканӣ ва даст задан ба ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ зиёд ба назар мерасид, вазифаи басо муҳиму масъулиятнок, мубориза бо ҷинояткорӣ ба зиммаи кормандони макомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд.
Дар маҳфили ёдбуд, наздикону пайвандон, ҳамкасбону дӯстон ва шогирдони шодравон Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов даъват гардида, ҳар кадоми онҳо аз паҳлӯҳои кору фаъолият ва мавқеи ин шахсияти барҷаста ёдовар шуданд.
Барандаи маҳфил, сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ доир ба зиндагинома ва фаъолияти кории марҳум Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов сухан карда, қайд кард, ки саҳми шодравон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими қонуният дар кишвар беандоза аст.
Сипас, доктори илмҳои таърих Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ роҷеъ ба хизматҳои шоёни Ҳомиддин Ҳасанович ва садоқати ӯ ба кори милитсия, таваҷҷӯҳ ба паҳлӯҳои гуногуни илмӣ дар таҳияи рисолаҳо оид ба таърихи милитсияи тоҷик, таъсис додани Осорхонаи ВКД, ташкил намудани Мактаби махсуси пажуҳишӣ дар Академияи ВКД ва нақши созандаи марҳум дар рушду такомули мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни маҳфил Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён баромад намуда, қайд кард, ки Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллат буда, бо донишу заковати худ тавонист шогирдони зиёдеро тарбия карда, дар зеҳни онҳо адлу инсоф, хирад ва инсондӯстиро парварад.
Имрӯз дастпарварони ӯ, ки ҳомиёни ҳақиқии ин марзу бум ва Ватани азизамон мебошанд, идомабахши кору пайкор ва рафтору кирдори неки ӯ мебошанд.
Дар ин ҷамъомад устодони Академияи ВКД Самиев Бахтиёр, Азиза Давлатшоева, раиси Собиқадорони ВКД Изатулло Шарипов ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Сироҷиддин Қосимов аз зиндагиномаи ин шахси зиндаёд ба ҳозирин қиссаҳо карданд.
Аз ҷониби собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники мустаъфӣ Сироҷиддин Қосимов якчанд китобҳо, ки ба ҳаёт ва фаъолияти шодравон Ҳомиддин Шарифов бахшида шуда ва ба қалами номбурда мутааллиқанд, ба фарзанди ӯ Аҳлиддин Шарифов тақдим карда шуд.
Дар идомаи ин нишаст фарзанди шодравон Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов, сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг Аҳлиддин Шарифов ва бародари марҳум собиқадори мақомот Камолиддин Шарифов барои чунин иқдоми накӯ ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, ёде аз рӯзгори падар ва бародари худ карданд.



