Боздиди як ҳайати намояндагони Эрон аз вилояти Хатлон

Як ҳайати намояндагони Эрон таҳти сарварии Муҳаммадносир Некбахт, волии музофоти Ҳамадонӣ аз вилояти Хатлон боздид намуданд. Имрӯз, 15 июн меҳмонони эрониро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳузур пазируфт. Пас аз вохӯрӣ Муҳаммадносир Некбахт ба журналистон изҳор намуд, ки ҳайат аз вакилони музофот, роҳбарони бахшҳои иқтисод, соҳибкорон ва арбобони фарҳангу ҳунар иборат аст. «Бо раиси […]

Сайраҳмон Назриев



Як ҳайати намояндагони Эрон таҳти сарварии Муҳаммадносир Некбахт, волии музофоти Ҳамадонӣ аз вилояти Хатлон боздид намуданд.

Имрӯз, 15 июн меҳмонони эрониро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳузур пазируфт. Пас аз вохӯрӣ Муҳаммадносир Некбахт ба журналистон изҳор намуд, ки ҳайат аз вакилони музофот, роҳбарони бахшҳои иқтисод, соҳибкорон ва арбобони фарҳангу ҳунар иборат аст.

«Бо раиси вилояти Хатлон имрӯз мо масъалаи роҳандозии ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ намудем. Ният дорем, ки дар вилояти Хатлон намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Хуросонро барпо кунем. Ҳамчунин сари дар кадом самтҳои барои тарафайн судманд роҳандозиву густариши ҳамкориҳо андеша хоҳем кард», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки зимни сафар ба вилояти Хатлон ҳайати эронӣ бо фаъолияти ҶСП «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа шинос шуда, ба Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави маркази вилоят низ ташриф овард ва сипас ба минтақаи Кӯлоб раҳсипор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.