Шабдолов: Ҳукуматдорон бояд маблағгузории ҲХДТ-ро ҳам назорат кунанд

– Тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки дар онҳо пурзӯр шудани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсии кишвар пешбинӣ мешавад, бояд ба ҳамаи ҳизбҳо дахл дошта бошад, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки имрӯз ҳеҷ […]

Аваз Юлдошев



– Тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки дар онҳо пурзӯр шудани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсии кишвар пешбинӣ мешавад, бояд ба ҳамаи ҳизбҳо дахл дошта бошад, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки имрӯз ҳеҷ касе огаҳ нест, ки дафтарҳои кории  сершумор, воситаҳои нақлиёт ва пардохти музди меҳнати аъзои ҲХДТ аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад ва агар чунин тағйирот ворид шавад, «он бояд барои ҳамагон ягона бошад».

Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии кишвар набояд аз сарчашмаҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шаванд, зеро ҳадафи ҳама гуна ҳизб сари ҳокимият омадан буда, он набояд аз ҷониби сарпарастони хориҷӣ маблағгузорӣ шавад.

«Мо медонем, имрӯз баъзе фондҳои байнулмилалӣ, ба мисли Фонди Сорос, давлатҳои ҷаҳони араб, ИМА, ки онҳоро дар кори табадуллотҳои давлатӣ устодони миқёсӣ ҷаҳонӣ мешуморанд, барои маблағгузорӣ ба ҳама касу ҳама чиз омодаанд, то ки дар ҳама гуна давлати ҷаҳон нерӯҳои таҳти назорати онҳо қарордошта сари ҳокимият оянд», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки назорати фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар пурра ба дӯши Вазорати адлияи вогузор шудааст, вале «дар ҳамин ҳол, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо риоя накардани тамоми меъёрҳои қонунгузории кишвар, аз бахшҳои ҳизбҳо дар шаҳру навоҳӣ пешниҳоди рӯйхати аъзои ҳизбро талаб мекунанд, ки нораво аст».

Шабдолов қайд кард, ки фишори афзояндаи маъмурӣ ва сензураи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ паёмади хубе надорад. «Ин тамоили хеле хатарнок аст, ки барои интиқоди кори ҳукумат ё президент ба аҳзоби сиёсӣ фишор оварда мешавад, ки ахиран дар кишвари мо дар ҳоли афзоиш аст. Ба интиқод мебояд дуруст вокунш нишон дод ё онро рад кард», – чунин мешуморад сиёсатмадор.

Ба андешаи муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дар пурзӯр шудани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ ӯ бо як шарт ҳеҷ чизи бадеро намебинад: «Агар аз ин назорат ҳукуматдорон барои фаъолияти муътадили ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ монеъаҳо эҷод насозанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.