Асомуддинзода: Фаъолияти гимназияи исломӣ пурра қатъ нашудааст

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифа овозаҳо дар бораи пурра қатъ гардидани фаъолияти гимназияи исломиро рад кард. «Айни замон гимназия фаъолият мекунад. Оид ба макони ҷойгиршавии гимназия мушкилот пайдо шуд. Он муваққатан дар Донишкадаи исломӣ ҷойгир карда мешавад. Шумори толибилмони гимназияро Вазорати маориф ва илми ҶТ муайян мекунад, зеро имкони ҷой […]

ASIA-Plus



Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифа овозаҳо дар бораи пурра қатъ гардидани фаъолияти гимназияи исломиро рад кард.

«Айни замон гимназия фаъолият мекунад. Оид ба макони ҷойгиршавии гимназия мушкилот пайдо шуд. Он муваққатан дар Донишкадаи исломӣ ҷойгир карда мешавад. Шумори толибилмони гимназияро Вазорати маориф ва илми ҶТ муайян мекунад, зеро имкони ҷой кардани ҳамаи толибилмон дар он ҷо ғайриимкон аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони бино барои Донишкадаи исломӣ ва гимназия аз буҷет маблағ ҷудо кард. Барои ин як-ду сол вақт лозим аст. Сипас ҳамааш ҳаллу фасл хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дастур додааст, ки омӯзгорон ва толибилмони гимназияи ба номи Абӯ Ҳанифа дар Душанбе, ки ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон тобеъанд, дар 4 мактаби пойтахт тақсим карда шаванд.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз вазир ба раҳбарияти ин мактабҳо дар ин хусус номаи дахлдор ирсол намуда, дар ин муассисаҳо омӯзгорон то анҷоми сохтмони бинои гимназияи исломӣ муваққатан бо кор таъмин карда мешаванд.

Ба қавли котиби матбуотии вазорат, бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ, гимназияи исломии Душанбе муваққатан дарҳои худро бастааст.

Қобили зикр аст, ки дар гимназияи исломии Тоҷикистон мутобиқи барномаи аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқшуда барои наврасон улуми динӣ дарс дода шуда, ахиран шумори толибилмони он 1 ҳазору 458 нафарро ташкил медод, ки 910 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки бо ташаббуси ҳукумати кишвар ягона гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон аз соли 2009 дар тобеъияти Донишгоҳи исломии Тоҷикистон қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.