– Тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки дар онҳо пурзӯр шудани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсии кишвар пешбинӣ мешавад, бояд ба ҳамаи ҳизбҳо дахл дошта бошад, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки имрӯз ҳеҷ касе огаҳ нест, ки дафтарҳои кории сершумор, воситаҳои нақлиёт ва пардохти музди меҳнати аъзои ҲХДТ аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад ва агар чунин тағйирот ворид шавад, «он бояд барои ҳамагон ягона бошад».
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии кишвар набояд аз сарчашмаҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шаванд, зеро ҳадафи ҳама гуна ҳизб сари ҳокимият омадан буда, он набояд аз ҷониби сарпарастони хориҷӣ маблағгузорӣ шавад.
«Мо медонем, имрӯз баъзе фондҳои байнулмилалӣ, ба мисли Фонди Сорос, давлатҳои ҷаҳони араб, ИМА, ки онҳоро дар кори табадуллотҳои давлатӣ устодони миқёсӣ ҷаҳонӣ мешуморанд, барои маблағгузорӣ ба ҳама касу ҳама чиз омодаанд, то ки дар ҳама гуна давлати ҷаҳон нерӯҳои таҳти назорати онҳо қарордошта сари ҳокимият оянд», – гуфт ӯ.
Дар идома ӯ зикр кард, ки назорати фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар пурра ба дӯши Вазорати адлияи вогузор шудааст, вале «дар ҳамин ҳол, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо риоя накардани тамоми меъёрҳои қонунгузории кишвар, аз бахшҳои ҳизбҳо дар шаҳру навоҳӣ пешниҳоди рӯйхати аъзои ҳизбро талаб мекунанд, ки нораво аст».
Шабдолов қайд кард, ки фишори афзояндаи маъмурӣ ва сензураи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ паёмади хубе надорад. «Ин тамоили хеле хатарнок аст, ки барои интиқоди кори ҳукумат ё президент ба аҳзоби сиёсӣ фишор оварда мешавад, ки ахиран дар кишвари мо дар ҳоли афзоиш аст. Ба интиқод мебояд дуруст вокунш нишон дод ё онро рад кард», – чунин мешуморад сиёсатмадор.
Ба андешаи муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дар пурзӯр шудани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ ӯ бо як шарт ҳеҷ чизи бадеро намебинад: «Агар аз ин назорат ҳукуматдорон барои фаъолияти муътадили ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ монеъаҳо эҷод насозанд».



