Машқҳои тактикӣ-низомии РТММ ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт

Дар доираи сафари хизматии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ӯ ба Ротаи таъиноти махсуси милитсия (РТММ)-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз рафти фаъолият ва шароитҳои хизматии ин ниҳод дидан намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар саҳни бинои Ротаи таъиноти махсуси милитсия аз […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари хизматии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ӯ ба Ротаи таъиноти махсуси милитсия (РТММ)-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз рафти фаъолият ва шароитҳои хизматии ин ниҳод дидан намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар саҳни бинои Ротаи таъиноти махсуси милитсия аз ҷониби кормандон машқҳои низомӣ-тактикӣ доир гардида омодагии ҷисмонӣ ва малакаю маҳорати онҳо бо дарки баланди касбӣ намоиш дода шуд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни сӯҳбат бо ҳайати шахсии Рота қайд кард, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои беҳтар намудани шароити хизмативу иҷтимоии кормандон доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, хизмату ҷонфидоиҳои муҳофизони халқу Ватанро қадр мекунад. Таъкид карда шуд, ки дар баробари ин дастгириҳо хизматчиён аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, маҳорату малакаи касбии худро мунтазам сайқал диҳанд ва дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ оштинопазир бошанд.

Дар хотимаи машқҳои тактикӣ-низомӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони Ротаи мазкур бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ротаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои пеш бурдани фаъолияти хизматӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?