Вохӯрии гурӯҳҳои мақсаднок дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон

Дар Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои мақсаднок доир гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату кумита, муассисаву ташкилоти дахлдор ширкат варзида, нақшаву барномаҳои худро барои соли 2016-ум таҳия карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», иштирокчиён ба се гурӯҳи корӣ – андозагирии ҳарбӣ-сиёсӣ, андозагирии иқтисодӣ-экологӣ ва андозагирии […]

ASIA-Plus



Дар Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои мақсаднок доир гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату кумита, муассисаву ташкилоти дахлдор ширкат варзида, нақшаву барномаҳои худро барои соли 2016-ум таҳия карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», иштирокчиён ба се гурӯҳи корӣ – андозагирии ҳарбӣ-сиёсӣ, андозагирии иқтисодӣ-экологӣ ва андозагирии инсонӣ ҷудо гардида, масъалаҳои дар ин самтҳо ҷойдоштаро матраҳ намуданд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи корӣ оид ба андозагирии ҳарбӣ-сиёсӣ масъалаи идоракунии сарҳадҳо ва амният, ислоҳот дар милитсия, мубориза бар зидди терроризм, поксозии минаҳо, ҷанбаҳои сиёсии ҳамкории низомиро мавриди муҳокима қарор дода, гурӯҳи корӣ оид ба андозагирии иқтисодӣ-экологӣ ба масъалаи рушди иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва бехатарии таъминоти об, мубориза бар зидди коррупсия ва ҷанбаҳои экологии амният мутаваҷҷеҳ ва дар амал татбиқ шудани барномаву лоиҳаҳои бузургро барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамиятнок арзёбӣ кард ва гурӯҳи корӣ оид ба андозагирии инсонӣ масъалаи гендерӣ, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро баррасӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаҳои ин вохӯрӣ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон буҷаи ҷамъбастии худро барои соли 2016 омода намуда, пешниҳодоти баъдиашро оид ба лоиҳаҳо барои соли 2016 ироа хоҳад кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.