Суғд: Нисбати ҳаводорони гурӯҳи «Салафия» ҳукм содир шуд



Дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар фаъолияти ҳаракати созмони динии ифротгарои «Салафия» нисбати 13 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳукм содир шуд.

Аз суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ба итмом расида, маҳкумшудагон сокинони аз 20 то 30-солаи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, суд айбдоршавандагонро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаҳои 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, 5 нафари онҳоро ба 2 соли зиндон ва 8 танро дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ барои ҳар кадоме ҷарима баст.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшудагон моҳи феврали соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар фаъолияти пинҳонӣ дар шакли ҷамъоварӣ ва шиносоӣ бо афкори созмони ифротгарои мазкур боздошт шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, 

гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное