Парвандаи узви КМИР аз ҲНИТ дар Ҳисор баррасӣ мешавад

Парвандаи ҷиноӣ нисбати узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов дар суди ноҳияи Ҳисор баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати узви ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11 июн парванда ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии Тоҷикистон ирсол шуда, вале дар навбати худ […]

Аваз Юлдошев



Парвандаи ҷиноӣ нисбати узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов дар суди ноҳияи Ҳисор баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати узви ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11 июн парванда ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии Тоҷикистон ирсол шуда, вале дар навбати худ Суди олӣ санаи 17 июн парвандаро барои баррасӣ ба суди маҳалли зисти айбдоршаванда – ноҳияи Ҳисор фиристодааст. «Санаи дақиқи оғози мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ҳанӯз маълум нест», – иброз дошт адвокат.

Қобили зикр аст, ки нисбати Ҷамолиддин Маҳмудов мутобиқи моддаи 195, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита

изҳорот интишор кард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон

тасдиқ намуда буд,

ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.