Бинои гимназияи исломӣ ба хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ табдил дода мешавад

Бинои гимназияи исломии ба номи Абӯ Ҳанифа, ки аз соли 2009 дар ихтиёри Донишгоҳи исломии Тоҷикистон қарор дошт, бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба тобеъияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаронида мешавад. Бино ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидвалӣ Қодиров, бо ҳалномаи суд, собиқ бинои хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ, […]

Мавзуна Абдуллоева



Бинои гимназияи исломии ба номи Абӯ Ҳанифа, ки аз соли 2009 дар ихтиёри Донишгоҳи исломии Тоҷикистон қарор дошт, бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба тобеъияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаронида мешавад.

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидвалӣ Қодиров, бо ҳалномаи суд, собиқ бинои хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки соли 1998 ғайриқонунӣ ба корхонаи фаръии корпоратсияи «SADR Ink»-и ИМА дар ҶТ фурӯхта шуда, солҳои баъдӣ дар он гимназияи исломӣ фаъолият дошт, ба давлат баргардонида шуд.

«Сарфи назар аз хусусияти сирф иқтисодӣ доштани баҳси мазкур, як қатор васоити ахбори умум овозаҳоеро паҳн карданд, ки гӯё дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии исломӣ баста мешаванд», – иброз дошт ҳуқуқшинос.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифа овозаҳо дар бораи

пурра қатъ гардидани фаъолияти гимназияи исломиро

рад карда буд.

Қобили зикр аст, ки дар гимназияи исломии Тоҷикистон мутобиқи барномаи аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқшуда барои наврасон улуми динӣ дарс дода шуда, ахиран шумори толибилмони он 1 ҳазору 458 нафарро ташкил медод, ки 910 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.