Ифтитоҳи мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҳисор

Дар ноҳияи Ҳисор мактаби президентӣ барои кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд кушода мешавад. Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сохтмони ин мактаби нав барои 640 нафар хонандагон қариб пурра ба итмом расида,. он аз бинои таҳсил, хобгоҳ ошхона, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. «Барои қабули хонандагон […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар ноҳияи Ҳисор мактаби президентӣ барои кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд кушода мешавад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сохтмони ин мактаби нав барои 640 нафар хонандагон қариб пурра ба итмом расида,. он аз бинои таҳсил, хобгоҳ ошхона, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст.

«Барои қабули хонандагон мо аллакай озмун эълон кардем, ки он рӯзи 21 июн баргузор мешавад. Қайд карданием, ки ин мактаб натанҳо барои хонадагони ноҳияи Ҳисор, балки тамоми толибилмони болаёқати шаҳру навоҳии ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи мактаби мазкур моҳи октябри соли равон, ҳангоми таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва боздиди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масоили тадорукотиву ҳуқуқӣ ва маблағгузории фаъолияти мактаби президентӣ дар Ҳисор дастуру супоришҳо дода шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.