Боғдорону соҳибкорони Исфара дар Хатлон ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд (Аксҳо)

Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво замони гул кардани дарахтони мева дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Исфара, ки бар асари он ба 9076 гектар аз 10290 гектари боғҳо зиён расида, боғдорон ба маблағи умумии 26 млн. 918 ҳазор сомонӣ хисорот бардоштанд, садҳо соҳибкорони инфиродии деҳоту ҷамоати шаҳри Исфара дар минтақаи ҷануби кишвар ба ҷамъоварии ҳосили […]

Баҳром Файзуллоев



Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво замони гул кардани дарахтони мева дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Исфара, ки бар асари он ба 9076 гектар аз 10290 гектари боғҳо зиён расида, боғдорон ба маблағи умумии 26 млн. 918 ҳазор сомонӣ хисорот бардоштанд, садҳо соҳибкорони инфиродии деҳоту ҷамоати шаҳри Исфара дар минтақаи ҷануби кишвар ба ҷамъоварии ҳосили мева машғуланд.

Дар доираи тадбирҳои андешида ҷиҳати рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тибқи мувофиқаи раҳбарияти вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамроҳ бо роҳбарони корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот бо мақсади баррасии имкони харидории сабзавоту мева ба минтақаи ҷануби кишвар сафари корӣ анҷом дода, якчанд қарордод ба имзо расониданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон беш аз 100 нафар соҳибкорони инфиродии шаҳри Исфара, ки барои кори мавсимӣ аз 10 то 15 нафар сокинони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд, дар боғҳои ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Шаҳритӯс, Қубодиён ва Бохтар ба ҷамъоварӣ ва хушк кардани зардолу машғуланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.