Боздошти сокини пойтахт ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо



Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти сокини 27-солаи пойтахт ба гумони қаллобӣ, гирифтани пора ва сохтакории ҳуҷҷатҳо хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи шаҳри Душанбе даромада, барои ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин 17 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.

Гуфта мешавад, инчунин гумонбаршуда баҳри амалӣ намудани нияти қаллобонааш шиносномаи техникӣ-ҳавлидорӣ ба номи ҷабрдидаро аз моҳи августи соли 2008 дар ҳаҷми 0,04 га қитъаи замини мазкур сохтакорӣ карда, барои ин ҳуҷҷати қалбакиаш боз 1000 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное