Ҳамлаи террористӣ ба бинои парлумони Афғонистон

Бинои Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи инфиҷорӣ ва террористӣ қарор гирифта, аз ҳавлии парлумон 9 садои таркиш шунида шудааст. Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои Хуросон, таркиши шадид вакилони парлумонро ба изтиробу ҳарос оварда, намояндагони мардумӣ  ба берун фирор кардаанд. Гуфта мешавад, қарор будааст, имрӯз Маъсум Сканакзай, муовини раисиҷумҳур мебоист ба унвони […]

ASIA-Plus



Бинои Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи инфиҷорӣ ва террористӣ қарор гирифта, аз ҳавлии парлумон 9 садои таркиш шунида шудааст.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои Хуросон, таркиши шадид вакилони парлумонро ба изтиробу ҳарос оварда, намояндагони мардумӣ  ба берун фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, қарор будааст, имрӯз Маъсум Сканакзай, муовини раисиҷумҳур мебоист ба унвони вазири пешниҳодии дифои миллӣ ба маҷлис муаррифӣ шавад.

Зикр мегардад, ки ҳамлагарон дар биноҳои рӯ ба рӯи порлумон дар хиёбони Доруламон ҷой гирифта, бо нерӯҳои амниятӣ ба муқовимати мусаллаҳона пардохтаанд.

Хабаргузории

TOLOnews

бо истинод ба намояндаи расмии нерӯҳои амниятии кишвар дар саҳифаи Twitter–и худ навиштааст, бар асари ин ҳамла ба парлумони Афғонистон 5 нафар, аз ҷумла 1 кӯдак ҳалок ва 31 нафар ҷароҳату захм бардоштаанд.

Хабаргузории

Пажвок

бо такя ба маълумоти расида аз роҳбари мақомоти пулиси шаҳри Кобул иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёти махсус нерӯҳои амниятии кишвар ҳамаи 6 нафар ҷангиёни дар ин амали терористӣ дастдоштаро нобуд кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.