Се сокини Панҷакент бо ҳашиш дастгир шуданд

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, […]

Мавзуна Абдуллоева



Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда ҳашиш будааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ боз ду нафар сокини маҳаллӣ дастгир гардидаанд, ки маводи нашъаовар аз онҳо харидорӣ карда шуда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол ҷиҳати муайян кардани иштирокчиёни боқимондаи ҷиноят тафтиот ҷараён дошта, боздоштшудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.