ҲНИТ Рӯзи ваҳдатро ҷашн намегирад ва ба Кабирӣ бозгашт ба ватанро тавсия намедиҳад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ даст мекашад. Муовини аввали раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ то ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аз сафари хидматии тӯлонӣ ба ватан баргаштанист, аммо ҳамсафонаш дар ҳизб худдорӣ аз бозгашт ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ даст мекашад.

Муовини аввали раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ то ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аз сафари хидматии тӯлонӣ ба ватан баргаштанист, аммо ҳамсафонаш дар ҳизб худдорӣ аз бозгашт ба ватанро ба ӯ тавсия медиҳанд.

«ҲНИТ-ро аллакай аз иди ваҳдат маҳрум сохтанд. Мо ин сулҳро, ки таҳқиру фишори яке аз тарафҳои созишномаи сулҳро ба имзорасонида ҷой дорад, қабул надорем. Мо ба Муҳиддин Кабирӣ тавсия медиҳем, ки то замони барқарор шудани сулҳи ҳақиқӣ, хотимаи фишор болои аъзои ҳизб ва дар ниҳояти кор вокуниши ҷиддии президент ба муроҷиати мо оид ба қатъи фишор ба ҳизб ва ҷонибдорони он ба Тоҷикистон барнагардад», – қайд кард Ҳайит.

Дар робита ба масъалаи

сафҳои ҳизбро дастаҷамъона тарк кардани аъзои он

, Ҳайит зикр кард, ки ҲНИТ ҳатто шумори аризаҳои дахлдореро, ки ба гуфтаи ӯ, таҳти фишори мақомоти интизомӣ пешниҳод шудаанд, ҳисобу китоб ҳам накардаанд. «Барои чӣ? Худи ҳамон шом тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи сафҳои ҳизби моро чӣ қадар тарк кардани аъзои он гузориш пахш мешавад. Мо инро намехоҳем», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1997 дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.