«Толибон» як минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд

Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» яке аз минтақаҳои шимолу шарқи вилояти Қундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, тасарруф намуданд. Хабаргузории РИА Новости дар шарҳи ин маълумот менависад, муқовимати мусаллаҳона миёни ҷангиён ва низомиёни хадамоти маҳаллии амнияти вилояти Қундуз дар ин мавзеъ муддати якчанд соат идома ёфтааст. Бино ба маълумоти намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Зулмайя Фарооқӣ (Zulmai Faroogi), ҷангиён […]

ASIA-Plus



Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» яке аз минтақаҳои шимолу шарқи вилояти Қундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст,


тасарруф намуданд.

Хабаргузории РИА Новости дар шарҳи ин маълумот менависад, муқовимати мусаллаҳона миёни ҷангиён ва низомиёни хадамоти маҳаллии амнияти вилояти Қундуз дар ин мавзеъ муддати якчанд соат идома ёфтааст.

Бино ба маълумоти намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Зулмайя Фарооқӣ (Zulmai Faroogi), ҷангиён ба вулусволии Чаҳор-Дара ҳамла карда, қисмати зиёди онро ишғол кардаанд.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз талошҳои ҳукумати Афғонистон ҷиҳати роҳандозии гуфтушунидҳо бо Толибон ба хотири расидан ба сулҳу созиш, ахири моҳи апрел ҷангиёни ин ҳаракат ба ҳамлаи бузургмиқёси «тобистона» оғоз карданд. Моҳи май онҳо маркази вилоят – шаҳри Қундузро ишғол намуданд. Бино ба изҳороти ҳукуматдорони маҳаллӣ, паҳлӯ ба паҳлӯ бо силоҳдорони Толибон тундгароёни созмони «Давлати исломӣ» низ меҷанганд.

Гуфта мешавад, ин ҳуҷуми аввали бузургмиқёси ҷангиёни ҳаракати Толибон пас аз анҷоми рисолати нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ (ISAF)  ва НАТО аст.

Мавриди зикр аст, ки аз самти ғарбу шарқ чор вилояти Афғонистон – Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.