Боздошти сокини пойтахт ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти сокини 27-солаи пойтахт ба гумони қаллобӣ, гирифтани пора ва сохтакории ҳуҷҷатҳо хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи шаҳри Душанбе даромада, барои ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин 17 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст. Гуфта мешавад, инчунин гумонбаршуда […]

ASIA-Plus



Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти сокини 27-солаи пойтахт ба гумони қаллобӣ, гирифтани пора ва сохтакории ҳуҷҷатҳо хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи шаҳри Душанбе даромада, барои ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин 17 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.

Гуфта мешавад, инчунин гумонбаршуда баҳри амалӣ намудани нияти қаллобонааш шиносномаи техникӣ-ҳавлидорӣ ба номи ҷабрдидаро аз моҳи августи соли 2008 дар ҳаҷми 0,04 га қитъаи замини мазкур сохтакорӣ карда, барои ин ҳуҷҷати қалбакиаш боз 1000 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.