Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати боз ду тоҷики дар сафҳои Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷанганда – Абдуҳаким ва Абӯ Барро Шаҳритӯсӣ маълумот интишор гардид.
Дар маълумоти мазкур акси онҳо гузошта шуда, дар шарҳу тавзеҳҳо аз онҳо ном бурда мешавад. Макони ҳалокати тоҷикон зикр нагардидааст.
Ёдрас мекунем, ки
аввали моҳи июн
дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати ҳалокати як тоҷик дар Сурия Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, иттилоъ мунташир гардида буд.
Ин маълумотро ба
Радиои Озодӣ
падари Насим – Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунида, ба ӯ гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст.



