Вакилони палатаи поёнии парлумон ба рухсатӣ мераванд

Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, аз 1 июл ба муддати се моҳ ба рухсатӣ мераванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷаласаи хотимавии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумон даъвати панҷум рӯзи 30 июн дар назар буда, дар […]

Аваз Юлдошев



Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, аз 1 июл ба муддати се моҳ ба рухсатӣ мераванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷаласаи хотимавии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумон даъвати панҷум рӯзи 30 июн дар назар буда, дар он раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти ин муддати кори вакилон натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҷаласаи охирини пеш аз таътили Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, дар он лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тухмипарварӣ» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳсозӣ» баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасишуда ба рӯзномаи иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони кишвар, ки рӯзи 24 июн дар Душанбе доир мегардадд, ворид карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.