Роҳбарони бахшҳои минтақавии ҲНИТ сафҳои ҳизбро тарк мекунанд

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (20-21 июн) дар шабакаи YouTube беш аз 20 навор бо изҳороти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаҳо оид ба тарк кардани сафҳои ҳизб аз ҷониби онҳо нашр шуд. Миёни ин наворҳо изҳороти раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Муллоаббос Раҷабзода низ ҷой дорад, ки соли гузашта раисии бахши ҳизб дар […]

Аваз Юлдошев



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (20-21 июн) дар шабакаи YouTube беш аз 20 навор бо изҳороти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаҳо оид ба тарк кардани сафҳои ҳизб аз ҷониби онҳо нашр шуд.

Миёни ин наворҳо изҳороти раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Муллоаббос Раҷабзода низ ҷой дорад, ки соли гузашта раисии бахши ҳизб дар ин вилоятро ба уҳда гирифта буд. Дар навори видео Раҷабзода изҳор мекунад, ки аз раисии бахши ҳизб дар вилоят даст мекашад. «Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015 фаъолияти худро қатъ месозад», – қайд кардааст ӯ.

Роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ва Хуҷанд ва ҳамчунин ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Нуробод, Ҷиргатол ва Восеъ низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот пахш намуда, дар онҳо оид ба хориҷ шуданашон аз сафҳои ҳизб хабар медиҳанд.

«Дар ин изҳорот таъкид мешавад: «Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад», «Мо тарафдори сиёсати Ҷаноби Олӣ», «Аз Ҳизби наҳзат фоидае надидем» ва ё «Маро бидуни огоҳӣ аъзои ҳизб карданд».

Дар бархе аз наворҳои видео талаби қатъи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар садо медиҳад.

Собиқ раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, мушовири раиси ҳизб Илҳом Ёқубов дар изҳороти худ таъкид менамояд, ки ахиран ҳузури ҲНИТ дар ҷомеа боиси ихтилофҳо шудааст.

«Агар ҲНИТ оромиву ваҳдатро халалдор карда истода бошад, пешниҳод мекунем, ки фаъолияташ қатъ гардад. Дар ин бора ман ба раҳбарияти ҳизб таври хаттӣ ҳам хабар додам», – зикр мекунад Ёқубов.

Дар ин робита ҲНИТ имрӯз соати 11-00 нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.