Марги боз ду тоҷики дар сафҳои ДИИШ ҷанганда

Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати боз ду тоҷики дар сафҳои Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷанганда – Абдуҳаким ва Абӯ Барро Шаҳритӯсӣ маълумот интишор гардид. Дар маълумоти мазкур акси онҳо гузошта шуда, дар шарҳу тавзеҳҳо аз онҳо ном бурда мешавад. Макони ҳалокати тоҷикон зикр нагардидааст. Ёдрас мекунем, ки аввали […]

Аҳлиддин Салимов



Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати боз ду тоҷики дар сафҳои Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷанганда – Абдуҳаким ва Абӯ Барро Шаҳритӯсӣ маълумот интишор гардид.

Дар маълумоти мазкур акси онҳо гузошта шуда, дар шарҳу тавзеҳҳо аз онҳо ном бурда мешавад. Макони ҳалокати тоҷикон зикр нагардидааст.

Ёдрас мекунем, ки

аввали моҳи июн

дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати ҳалокати як тоҷик дар Сурия Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, иттилоъ мунташир гардида буд.

Ин маълумотро ба 

Радиои Озодӣ

 падари Насим – Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунида, ба ӯ гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.