Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» яке аз минтақаҳои шимолу шарқи вилояти Қундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст,
тасарруф намуданд.
Хабаргузории РИА Новости дар шарҳи ин маълумот менависад, муқовимати мусаллаҳона миёни ҷангиён ва низомиёни хадамоти маҳаллии амнияти вилояти Қундуз дар ин мавзеъ муддати якчанд соат идома ёфтааст.
Бино ба маълумоти намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Зулмайя Фарооқӣ (Zulmai Faroogi), ҷангиён ба вулусволии Чаҳор-Дара ҳамла карда, қисмати зиёди онро ишғол кардаанд.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз талошҳои ҳукумати Афғонистон ҷиҳати роҳандозии гуфтушунидҳо бо Толибон ба хотири расидан ба сулҳу созиш, ахири моҳи апрел ҷангиёни ин ҳаракат ба ҳамлаи бузургмиқёси «тобистона» оғоз карданд. Моҳи май онҳо маркази вилоят – шаҳри Қундузро ишғол намуданд. Бино ба изҳороти ҳукуматдорони маҳаллӣ, паҳлӯ ба паҳлӯ бо силоҳдорони Толибон тундгароёни созмони «Давлати исломӣ» низ меҷанганд.
Гуфта мешавад, ин ҳуҷуми аввали бузургмиқёси ҷангиёни ҳаракати Толибон пас аз анҷоми рисолати нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ (ISAF) ва НАТО аст.
Мавриди зикр аст, ки аз самти ғарбу шарқ чор вилояти Афғонистон – Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.



