Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2015» таҳти раёсати муовини нахуствазир



Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ рӯзи 22 июн ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва баргузории  мавсими «Ҳаҷ-2015»-ро баргузор намуд.

Тавре як манбаъ аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласа бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои таъмини хизматгузории иҷтимоӣ ва тиббии зойирини оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ба масъалаҳои таъмини зиёраткунандагони макони муқаддаси Ислом бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, амният, нақлиёт, макони зисту ғизо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки муовини нахуствазир ҳамчунин ба иштирокдорони ҷаласа дастур дод, ки барои зойирини тоҷик сарулибоси махсус омода карда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное