М.Убайдуллоев ҳайати парлумони НАТО-ро ба ҳузур пазируфт

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 июн ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ/ ё худ НАТО-ро таҳти сарварии раиси Кумита оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва амният Виталино Канас ба ҳузур пазируфт. Тавре як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 июн ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ/ ё худ НАТО-ро таҳти сарварии раиси Кумита оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва амният Виталино Канас ба ҳузур пазируфт.

Тавре як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи меҳмононро ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар бахшҳои гидроэнергетика ҷалб намуда, аз онҳо дархост кард, ки дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисод, гуногунандешии сиёсӣ, демократикунонии ҷомеа ва бунёди давлати ҳуқуқӣ ва дунявӣ воқеъӣ арзёбӣ намоянд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо чолишу ситезаҷӯиҳои муосир ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.