Рӯзи 22 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи мазкур Виталино Канас баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои СААШ-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо инчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва таҳкими сулҳу субот дар он кишвар табодули назар намуданд.



