Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёт дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта 5 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 5 нафар, аз ҷумла ду нафар ноболиғон ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 22 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, марди 52-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи гузашта 5 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 5 нафар, аз ҷумла ду нафар ноболиғон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 22 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, марди 52-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб наздики фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Навобод аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 40-солаи сокини  Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди Исфара-Боткент, дар ҳудуди ноҳияи Исфара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мотороллери тамғаи «Т-200», таҳти идораи ронанда, марди 47-солаи сокини ноҳияи Исфара бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мотороллер ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-560”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Фахрӣ дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №4-и ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, марди 32-соларо  пахш намудааст. Дар натиҷа велосипедрон дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашиани тамғаи “Хова”, марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Хуҷамбиёи-поён ба самти кӯчаи Нодира, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Хуҷамбиёи-боло, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 5-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғро пахш намудааст. Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Ховарон, дар рӯ ба рӯи бинои №93-и кӯчаи Хайробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.