Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону НАТО дар Душанбе

Рӯзи 22 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО  таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи мазкур Виталино Канас баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО  таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи мазкур Виталино Канас баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои СААШ-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо инчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва таҳкими сулҳу субот дар он кишвар табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.