Боздиди вазири мудофиа аз гарнизони Суғд



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо шурӯъ аз имрӯз то ахири ҳафта ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи хизмат ва будубоши сарбозону афсарони гарнизони маҳаллӣ шинос мешавад.

Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сафар Шералӣ Мирзо ҳамчунин бо ҷараёни омодагии қисмҳои низомии вилояти Суғд ба давраи омӯзиши тобистона, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз 1 июл оғоз мешавад, аз наздик ошно мегардад.

«Дар ҷараёни сафар вазири мудофиа боздид қариб аз ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомии мустақар дар вилоятро дар нақша дошта, бо афсарону сарбозон вохӯриҳо мегузаронад», – афзуд манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное