Нашри аксҳои Гулмурод Ҳалимови захмишуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ



Дар шабакаи иҷтимоии Фейбук нахустин аксҳое нашр шуданд, ки аз зинда будани собиқи фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд. Пас аз ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия ӯ аз пояш захм бардоштааст.

Акси Гулмурод Ҳалимови захмишуда дар Фейсбукро як корбаре бо номи арабӣ гузоштааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки сари Ҳалимов докапечу пойи росташ гачбандӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки

Радиои «Озодӣ»

 дар ин робита бо истинод ба нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Сурия хабар дода буд.

Зикр гардида буд, ки ҳамла ба Гулмурод Ҳалимов ва бархе дигар аз раҳбарони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Абу Умар Шешонӣ, шоми ҷумъаи гузашта, рӯзи 19 июн дар минтақаи Дайр аз-Зури шаҳри Муҳассан дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои давлатии Сурия иттифоқ уфтодааст.

Дар ҳамин ҳол,

хадамоти махсуси Тоҷикистон

дар робита ба маълумоти дар ВАО интишоршуда дар бораи марги собиқ Гулмурод Ҳалимов изҳор доштанд, ки ин яқинан боз як «дурӯғи маҳз» ва «ба гумроҳӣ андохтан» аст

Мавриди зикр аст, ки фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди

 пайгарди қонунии байнулмилалӣ

 эълон шуд. Ин эълон дар 

сомонаи расмии

  Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов 

ахири моҳи апрел

 бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Сипас санаи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ 

навори видеоӣ интишор намуд,

 ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Гулмурод Ҳалимов мутобиқи моддаи «Зархаридӣ (Наемничество) 

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

 

spot_imgspot_img

Популярное