Бонки ҷаҳонӣ баҳри рушди бахши тандурустии Тоҷикистон 10 млн. $ ҷудо кард

Рӯзи 22 июн Шӯрои  директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон маъқул шуморид. Лоиҳаи мазкур аз моҳи августи соли 2013 мавриди амалишавӣ қарор дошта, барои афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 июн Шӯрои  директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон маъқул шуморид.

Лоиҳаи мазкур аз моҳи августи соли 2013 мавриди амалишавӣ қарор дошта, барои афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ин лоиҳа ҳамчунин ба беҳбуди вазъи солимии модарону кӯдакон тавассути санҷиши методи маблағгузорӣ бар асоси натиҷаҳои фаъолият низ равона шудааст, ки дар доираи он ба муассисаҳои тиббии деҳот ҷиҳати афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ маблағҳои ҳавасмандкунӣ пардохта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон айни замон дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо фарогирии 314 муассисаҳои бахши тандурустӣ ва ҳудуди 1,86 млн. нафар аҳолӣ амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.