Мусоидати БҶ ба таъсиси ҷойҳои кории муваққатӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон

Рӯзи 22 июн Шӯрои  директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи дуюми корҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон  (PAMP-2)  ба  тасвиб  расонид.  Лоиҳа  ба  баланд  бардоштани  маҳсулнокӣ  дар  соҳаи кишоварзӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои кори муваққатӣ дар минтақаҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 июн Шӯрои  директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи дуюми корҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон  (PAMP-2)  ба  тасвиб  расонид.  Лоиҳа  ба  баланд  бардоштани  маҳсулнокӣ  дар  соҳаи кишоварзӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои кори муваққатӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон равона шудааст .

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ, лоиҳаи дуюми «Корҳои ҷамъиятӣ  ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» моҳи  июни  соли  2013  оғоз  гардид.  Ҳадафи  он  баҳрабарии  зиёда  аз  770,000  нафар  аҳолии  сокини дувоздаҳ  ноҳияи  Тоҷикистон  аз  имкониятҳои  шуғли  муваққатӣ  ва  барқарорсозии  инфрасохтори муҳимми ирригатсионӣ ва заҳбуру заҳкаш ба ҳисоб меравад.  Инчунин,  лоиҳа дар тарҳрезӣ намудани стратегияҳои такмилдодашуда ва рушди ниҳодҳои зарурӣ ҷиҳати идоракунии захираҳои об мусоидат намуда,  ба  Ассотсиатсияҳои  истифодабарандагони  об  ва  дар  баланд  бардоштани  иқтидори муассисаҳои бахши обёрӣ дар ҳавзаи оби  дарёи  Кофарниҳон  кӯмак мерасонад.  То имрӯз, тавассути лоиҳа  ҷойҳои  кори  муваққатӣ  барои  11,000  нафар  аҳолӣ  таъсис  дода  шуда,  дар  натиҷа,  3,350 километр  каналҳои  обёрӣ  тоза  карда  шуданд.  Лоиҳа  аз  ҳисоби  грантҳои  Барномаи  глобалии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 45,9 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад.

“Вусъатбахшии имкониятҳои аҳолӣ барои ба даст овардани даромади иловагӣ ба воситаи лоиҳаи мо  тадбири  аввалиндараҷа  дар  таъмини  ҳифзи  хонаводаҳои  нодортарин  аз  паёмадҳои  таназзули иқтисодӣ  ва  коҳишёбии  ҳаҷми  интиқоли  маблағҳои  пулӣ  ба  ҳисоб  меравад,”  – мегӯяд  Патрисия Виверс-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Дар баробари ин, мо ҳамкории худро  бо  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  самти  татбиқи  тадбирҳои  афзалиятноки миёнамӯҳлат  ва  дарозмуддат,  ки  бо  афзоиши  маҳсулнокии  иқтисод  аз  ҳисоби  гузаронидани 

ислоҳоти сохторӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои кори доимӣ тавассути мусоидат ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди бахши хусусӣ алоқаманданд, идома хоҳем дод».

Гуфта мешавад, бо  мақсади  фароҳам  овардани  имконятҳои  иловагии  шуғл  барои  10,000  нафар  аз  қишри  аз  ҳама осебпазири аҳолӣ дар робита бо сустшавии афзоиши иқтисодӣ, коҳишёбии интиқоли маблағҳои пулӣ ва  хавфҳои  чашмдошти  алоқаманд  бо  амнияти  озуқавории  хонаводаҳо  маблағгузории  иловагӣ  дар ҳаҷми  12  миллион  доллари  ИМА  бахши  корҳои  ҷамъиятиро  дар  доираи  лоиҳаи  РАМР-2  вусъат 

медиҳад.  Чорабиниҳои мазкур имконият медиҳанд, ки бо мақсади беҳтар намудани обёрии  70,000 га майдони  замин  2,800  км  шабакаи  обёрӣ  дар  шаш  ноҳияҳои  нав  барқарор  карда  шавад,  аз  ҷумла Шаҳритус, Қабодиён, Вахш, Қумсангир ва Дангараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ваҳдати ноҳияҳои тобеи ҷумҳур. 

Ба иттилои манбаъ, вусъатёбии  имкониятҳои  шуғл  дар  соҳаи  кишоварзӣ  метавонад  ба  нафъи  бахусус  занон бошад, ки худ зиёда аз нисфи қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки муассисаи  асосии  масъул  барои  иҷрои  лоиҳа  Агентии  беҳдошти  замин  ва  обёрӣ  мебошад.  Тамоми ҷузъҳои  корҳои  ҷамъиятӣ  ва  барқарорсозии  инфрасохтор  дар  ҳамкории  зич  бо  мақомоти  маҳаллии 

ҳокимияти  давлатӣ,  Ассотсиатсияҳои  истифодабарандагони  об,  пешвоёни  деҳот  ва  ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок мекунанд, амалӣ мегарданд.


Сандуқи фаъоли

Гурӯҳи  Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон    аз 21  лоиҳа (аз он ҷумла лоиҳаҳои минтақавӣ) иборат  аст,  ки  маблағи  умумии  онҳо  $323,4  миллион  доллари  ИМА-ро  ташкил  медиҳад.  Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар  намудани  хизматрасониҳои  ҷамъиятӣ  ба  аҳолӣ  ба  монанди  маориф,  тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд. 

Аз соли  1996  инҷониб,  Бонки ҷаҳонӣ маблағи  зиёда  аз  1  млрд.  Доллари  ИМА-ро  дар  шакли  грантҳо  ва  қарзҳои  имтиёзнок  аз  ҳисоби Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  ва  захираҳои  фондҳои  мақсаднок  ба  Тоҷикистон  пешниҳод намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.