Хадамоти махсуси Тоҷикистон: Маълумоти марги Ҳалимов дар Сурия тасдиқ нашудааст

Маълумоти дар ВАО интишоршуда дар бораи марги собиқ фармондеҳои ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов яқинан боз як «дурӯғи маҳз» ва «ба гумроҳӣ андохтан» аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» якчанд сарчашмаҳо аз хадамоти махсуси Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар бораи марги ҳама гуна фармондеҳи ин сатҳ Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳатман ба […]

ASIA-Plus



Маълумоти дар ВАО интишоршуда дар бораи марги собиқ фармондеҳои ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов яқинан боз як «дурӯғи маҳз» ва «ба гумроҳӣ андохтан» аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» якчанд сарчашмаҳо аз хадамоти махсуси Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар бораи марги ҳама гуна фармондеҳи ин сатҳ Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳатман ба наздикони ӯ хабар медиҳад, вале чунин маълумот алҳол ба хешовандони Ҳалимов нарасидааст.

«Мо дақиқан медонем, ки тақдири ҳама гуна ҷангӣ, гузашта аз ин нишонзан қаблан маълум аст. Ҳалимов ба марг маҳкум шудааст, зеро ӯ барои ДИИШ тамоми амали вобаста ба худашро иҷро кард, муроҷиати видеойӣ пахш намуда, афкори онҳоро таблиғ кард. Акнун дар ҷанги бегона ӯ як пораи гӯшт асту халос», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» яке аз собиқ ҳамхизматони Ҳалимов дар ОМОН.


Радиои «Озодӣ»

дар ин робита менависад, нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Сурия хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин нашрия рӯзи 22 июн бо такя ба манобеи худ навиштааст, ҳамла ба Гулмурод Ҳалимов ва бархе дигар аз раҳбарони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Абу Умар Шешонӣ, шоми ҷумъаи гузашта (19 июн) дар минтақаи Дайр аз-Зури шаҳри Муҳассан дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои давлатии Сурия иттифоқ уфтодааст.

Ба иддаои ин манбаъ, дар пайи ин ҳамла Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расида, Абу Умари Шешонӣ сахт маҷрӯҳ шудааст. Яке аз манбаъҳои “Араби Пресс” гуфтааст, яке аз раҳбарони ДОИШ тавассути телефон ба мақоми дигараш хабари марги Гулмурод Ҳалимов ва маҷрӯҳ шудани Абуумар Шешониро низ расондааст. Ба иттилои ин нашрия, рӯзи шанбеи 20 июн ҷасади Ҳалимов ба сӯи Ироқ ва ҷасади захмии Шешонӣ ба тарафи Раққаи Сурия, ки аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, бурда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди

 пайгарди қонунии байнулмилалӣ

 эълон шуд. Ин эълон дар 

сомонаи расмии

  Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов

ахири моҳи апрел

бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Сипас санаи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ 

навори видеоӣ интишор намуд,

 ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Гулмурод Ҳалимов мутобиқи моддаи «Зархаридӣ (Наемничество)

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.