Раиси Хуҷанд сабти далелҳои ғайримақсаднок истифода шудани заминро талаб кард

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 июн ҷаласаи кории худро бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор намуд. Бино ба иттилои дафттари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, вобаста ба истифодаи максадноки замин, қитъаҳои   барои сохтмон ва манзили истиқоматӣ ҷудо гардида Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарони идораҳои заминсозӣ, меъморӣ, ба […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 июн ҷаласаи кории худро бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор намуд.

Бино ба иттилои дафттари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, вобаста ба истифодаи максадноки замин, қитъаҳои   барои сохтмон ва манзили истиқоматӣ ҷудо гардида Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарони идораҳои заминсозӣ, меъморӣ, ба қайдгирии техникии манзил талаб намуд, ки барои пешигирӣ намудани ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани замин, риояи ҳатмии талаботи қонун барои додани иҷозати истифодаи замин фаъолияти якҷояи ҳамоҳангшударо ба роҳ монанд.

Супориш дода шуд, ки рӯйхати тамоми иншоотҳои сохташаванда, заминҳои барои иншоотҳо ҷудо гашта санҷида шуда, аз ҳолати имрӯзаи онҳо  маълумот омода карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ҳолати ошкор шудани истифодаи ғайриқонунии замин нисбати шахсоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ дода, иншоотҳои худсарона бунёд намудаанд ба ҳолати аввалааш баргардонда шуда, нисбати ин нафарон чораҳои ҳуқуқӣ андешида шавад.

Ҳамчунин бобати назорати корҳои ободонӣ ва ташкили 2 гурӯҳи доимоамалкунандаи муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ дар соҳилҳои чап ва рост, нигохубини сарривақтии ниҳолу гулҳо ва харидорӣ намудани тухмии гулҳои зимистона, вусъат додани корҳои таъмир ва азнавсозии чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ дар таътили хонандагон  ба муовинон ва мутасаддиён дастуру супоришҳо дода шуд.

Зикр гардид, ки аз имрӯз ситоди омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солхои 2015-2016 бояд кори худро беҳтар намуда, тамоми корхонаю муассисаҳои маркази вилоят барои ин мавсим корҳои омодагиро аз қабили захираи сӯзишворӣ ва дигар маводи лозима чораҳо андешанд.

Ҳамчунин дар кори ҷаласа нисбати масъалаҳои ташкили либоси ягонаи фурӯшандагон дар марказхои савдо ва бозорҳои марказӣ, фаъолияти коргоҳхои дӯзандагии либосҳои мактабӣ ва махсус, ҳимояи манфиати истеҳсолкунандаи ватанӣ масъалагузорӣ шуда раиси шаҳр дастур дод, ки мавриди иҷроиши ин супоришҳо масъулон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.