Содироти сӯзишвории дизелии Эрон ба Тоҷикистону Арманистон

Муовини директори генералии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Мансур Риёҳӣ изҳор доштааст, ки соли равон сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и Эрон ба бозорҳои нав, аз ҷумла ба давлатҳои Арманистону Тоҷикистон интиқол дода мешавад . Дар ин бора хабаргузории Иран.ру иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи Мансур Риёҳӣ, дар робита ба афзоиши ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ, истеъмоли сӯзишвории моеъ […]

ASIA-Plus



Муовини директори генералии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Мансур Риёҳӣ изҳор доштааст, ки соли равон сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и Эрон ба бозорҳои нав, аз ҷумла ба давлатҳои Арманистону Тоҷикистон


интиқол дода мешавад


. Дар ин бора хабаргузории Иран.ру иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Мансур Риёҳӣ, дар робита ба афзоиши ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ, истеъмоли сӯзишвории моеъ дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатии дохили Эрон кам ва миқдори зиёди ин навъи сӯзишворӣ захира шудааст. «Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки он ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Номбурда зикр кардааст, ки айни замон сӯзишвории дизелӣ аз Эрон ба Афғонистон, Ироқ ва Нахичевон содирот шуда, соли равон интиқоли он ба бозорҳои нав, аз ҷумла Тоҷикистону Арманистон оғоз гардида, ҳамчунин масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ (сӯзишвории дизелӣ ва керосин) ба Курдистони Ироқ низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон ният дорад, ки тариқи бозорҳои тиҷорати наздимарзӣ бозори фурӯши маводи сӯхташро густариш бахшад, то ки аз аз роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар баровардани он пешгирӣ кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.