Суғд: Боздошти собиқ гуреза аз хизмати ҳарбӣ бо маводи мухаддир

Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Мастчоҳро боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки зимни кофтуков аз боздоштшуда ба миқдори 3 килову 650 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванд қаблан […]

Аваз Юлдошев



Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Мастчоҳро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки зимни кофтуков аз боздоштшуда ба миқдори 3 килову 650 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванд қаблан бо моддаҳои 374 (Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат) ва 388 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ маҳкум шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.