Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Мастчоҳро боздошт намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки зимни кофтуков аз боздоштшуда ба миқдори 3 килову 650 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванд қаблан бо моддаҳои 374 (Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат) ва 388 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ маҳкум шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



