Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» дар таҳрири навро бо аксари кулли овозҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни ҳанӯз соли 1995 қабулшуда «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», дар қонуни нав тартиби гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон тағйир дода шудааст. Ба гунаи мисол, шаҳрванди кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки забони давлатиро дар сатҳи гуфтугӯ ва суҳбат намедонанд ё нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ба гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд.
Ба гуфтаи Ализода, ба шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистонро ба писархондӣ ё духтархондӣ қабул кардаанд, барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.
Шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд, баъди гузашти се сол ба гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, агар гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ рад шуда бошад, танҳо баъди гузашти як сол онҳо метавонанд дубора бо ин дархост муроҷиат намоянд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ дар хориҷи кишвар меҷанганд, ба таври автоматӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда мешаванд.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни нав, ба кӯдаконе, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз шахсони бидуни шаҳрвандӣ таваллуд мешаванд, ба таври автоматӣ шаҳрвандии Тоҷикистон дода мешавад.



