«Давлати исломӣ» пули худро ба муомилот мебарорад

Хабаргузории The Telegraph иттилоъ медиҳад, ки созмони террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ба сикказании тангаҳои худ – динор шурӯъ намуд, ки 1 динори тиллоӣ баробари 139 доллари ИМА муқаррар шудааст. Аксҳои тангаҳо дар микроблоги Twitter аз ҷониби яке аз корбарони фаъоли ин шабака гузошта шудааст, ки мухолифи ДИИШ буда, дар шаҳри таҳти тасарруфи ҷангиён […]

ASIA-Plus



Хабаргузории


The Telegraph


иттилоъ медиҳад, ки созмони террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ба сикказании тангаҳои худ – динор шурӯъ намуд, ки 1 динори тиллоӣ баробари 139 доллари ИМА муқаррар шудааст.

Аксҳои тангаҳо дар микроблоги

Twitter

аз ҷониби яке аз корбарони фаъоли ин шабака гузошта шудааст, ки мухолифи ДИИШ буда, дар шаҳри таҳти тасарруфи ҷангиён қарордоштаи Раккаи Сурия иқомат доштааст.

Бино ба иттилои

Lenta.ru

, дар як тарафи динор навиштаҷот бо забони арабӣ ва дар тарафи дигараш хариати ҷаҳон дарҷ ёфтааст.

Ба иттилои нашрияи The Mirror, тангаҳо бо тасвири ҳафт хӯшаи гандум низ мавҷуд буда, ин тангаҳо ояндаи наздик ба муомилот бароварда мешудаанд.

Моҳи ноябри соли гузашта ДИИШ дар бораи нияти ба муомилот баровардани пули худ ва баргардонидани динор, ки замони исломи пешин истифода мешуд, хабар дода буд. Чун дар асрҳои миёна, ин тангаҳо низ аз тиллову нуқраи тоза сикка зада мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.