Теъдоди қурбониёни гармои шадид дар Покистон ба беш аз 1000 нафар расид

Теъдоди қурбониёни гармои шадид дар қисми ҷанубии Покистон ба беш аз 1000 нафар расид. Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин шарҳи ин хабар менависад, дар шаҳри бандарии Карочӣ, ки 20 млн нафар аҳолӣ дошта, низоми обрасонии он бо сабаби камбуди барқ ба мушкилӣ дучор аст, гармии ҳаво ба 45 дараҷа баробар шудаааст, боиси азияти […]

ASIA-Plus



Теъдоди қурбониёни гармои шадид дар қисми ҷанубии Покистон ба беш аз 1000 нафар расид.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин шарҳи ин хабар менависад, дар шаҳри бандарии Карочӣ, ки 20 млн нафар аҳолӣ дошта, низоми обрасонии он бо сабаби камбуди барқ ба мушкилӣ дучор аст, гармии ҳаво ба 45 дараҷа баробар шудаааст, боиси азияти аҳолии маҳаллӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳои гарм аксар минтақаҳои кишвар ба неруи барқ дастрасӣ надоранд ва ин хашму ғазаби сокинонро барангехтааст. Табибон дар ин робита аз сокинон даъват ба амал овардаанд, ки либоси пахтагин ба бар карда, дар зери сояву лаби соҳилҳо ва дигар ҷойҳои салқин панаҳ баранд.

Тибқи пешгӯйии ҳавошиносон, ояндаи наздик дар ин кишвар бориши борон ва обхезӣ дар назар дошта шудааст. Ҳукуматдорони мамлакат барои кумак ба зарардидагон сарбозони Артишро сафарбар кардаанд. Вазифаи ин сарбозон аз тахлияи сокинон ба ҷойҳои салқин иборат аст.

Зикр мегардад, ки чунин гармии ҳаво давоми чанд соли ахир дар Покистон бесобиқа унвон мешавад. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, бори охир ҳарорати тоқатфарсо соли 1979-ум дар минтақаи Синди шаҳри Карочӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон дамои ҳаво то ба 47 дараҷа мерасид.

Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш дар Ҳиндустон низ бори дуввум дар таърих гармтарин ҳаво мушоҳида шуда, беш аз 2000 қурбонӣ дар пай гузошта буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.