Оғози корҳои таъмири роҳҳои кӯчаҳои марказии Исфара

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар доираи идомаи амалисозии барномаи вилоятии «Роҳҳои обод» маросими оғози корҳои таъмир ва ободонии як қатор роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳр доир гардид. Зикр гардид, ки дар навбати аввал роҳҳои яке аз кӯчаи марказии шаҳр ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурра аз таъмир бароварда шуда, он асфалтпӯш мешавад. Барои таъмири асосии […]

Баҳром Файзуллоев



Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар доираи идомаи амалисозии барномаи вилоятии «Роҳҳои обод» маросими оғози корҳои таъмир ва ободонии як қатор роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳр доир гардид.

Зикр гардид, ки дар навбати аввал роҳҳои яке аз кӯчаи марказии шаҳр ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурра аз таъмир бароварда шуда, он асфалтпӯш мешавад. Барои таъмири асосии ин роҳ бо масофаи 1,2 километр ва паҳнои 10 метр дар маҷмӯъ ҷудо гардидани 200 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 130 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ, 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи сокинони ин кӯча пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ дар ин маросим раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода қайд кард, ки соли гузашта ба туфайли амалисозии барномаи «Роҳҳои обод» беш аз 165 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шуда, соли равон таъмири асосиву пурраи 14,7 километр роҳҳои кӯчаҳои марказӣ ва таъмири ҷории дар маҷмӯъ 70 километр роҳҳои маҳаллӣ дар назар аст.

«Айни замон корҳои лоиҳакашии азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Исфара – Хуҷанд, ки қитъаи исфарагии он 18,2 километрро ташкил медиҳад, ба итмом расида, лоиҳа бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ супурда шуд, то ки ҷиҳати маблағгузорӣ минбаъд ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардад», – гуфт раиси шаҳр.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзҳои наздик корҳои таъмиру азнавсозии пули автомобилгард дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳрак низ шурӯъ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.