Тошканду Душанбе ба «кушодани гиреҳҳо» талош меварзанд

Зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон (22-24 июн, ш. Тошканд) муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намуд, ки кишвари ҳамсоя ба баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамлу нақли дуҷонибаи маҳсулот омода буда, таҳияи феҳристи мавқеъи молҳо барои рушди содироти дуҷонибаро зарур медонад. «Корхонаҳои Ӯзбекистон ба таҳвили номгӯи васеи маҳсулот ба […]

Аваз Юлдошев



Зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон (22-24 июн, ш. Тошканд) муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намуд, ки кишвари ҳамсоя ба баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамлу нақли дуҷонибаи маҳсулот омода буда, таҳияи феҳристи мавқеъи молҳо барои рушди содироти дуҷонибаро зарур медонад.

«Корхонаҳои Ӯзбекистон ба таҳвили номгӯи васеи маҳсулот ба бозори Тоҷикистон, аз ҷумла автомашинаҳои муосири сабук ва боркаш, автобусҳо, техникаи кишоварзӣ, маводи кимиёвӣ ва таҷҳоти электротехникӣ ва бисёр молҳои дигар омодаанд. Ба туфайли натанҳо сифати баланд, балки аз лиҳози нарх ва қабл аз ҳама аз ҳисоби бунёди истеҳсолоти муосири технологӣ ва хароҷоти нисбатан камтар вобаста ба ҳамлу нақли он ба бозори Тоҷикистон, маҳсулоти Ӯзбекистон бо молҳои кишварҳои сеюм рақобати арзанда карда метавонад», – иттилоъ медиҳад Podrobno.uz бо такя ба гуфтахои Азимов.

Ба андешаи муовини аввали нахуствазири кишвари ҳамсоя, танҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонанд «ҳамаи он гиреҳҳои бузурги пайдошуда дар муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои гузаштаро боз намоянд».

Хабаргузории Uzbekistan Today дар ин робита менависад, Азимов гуфтааст, таҳлили ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо тайи солҳои ахир бозгӯи он аст, ки ин нишондиҳандаҳо чандон назаррас набуда, муддати 5 соли ахир ҳаҷми он ба ҳисоби миёна 150 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми он ҳамагӣ 5,5% зиёд ва ба 160 млн. доллари ИМА расидааст.

«Рӯирост мебояд гуфт, ки дар ин сохтор мавқеи асосиро хизматгузориҳо ишғол мекунанд, аз нигоҳи маҳз муомилоти мол бошад, нишондиҳандаҳо хеле ночизанд. Дар муносибатҳои муомилоти молӣ мо имконоти зиёди истифоданашуда дорем ва ҷиҳати андешидани тадбирҳои мувофиқашуда бо мақсади таъмини афзоиши савди дуҷониба ва гуногунсозии номгӯи он аз ҳисоби пешниҳоди молу колои нав омодаем», – иброз доштааст муовини аввали нахуствазири кишвари ҳамсоя.

Дар ҷаласа зикр гардидааст, ки дар доираи ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ метавон гуфт, ки имконот барои таъсиси истеҳсолоти муштарак қариб умуман истифода намешаванд ва дар қаламрави Ӯзбекистон ҳамагӣ 18 корхона бо иштироки шарикони тоҷик амал мекунад.

Дар навбати худ роҳбари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид таъкид доштааст, ки «яке аз масъалаҳои калидӣ дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ» миёни ҳамсоякишварҳо, соддакунии реҷаи раводид байни давлатҳо мебошад.

Ба андешаи ҷонибҳо, самти дигари муҳими муносибатҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт арзёбӣ шуда, барои ҳавасмандсозии афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан, истифодаи тарифҳои нисбатан пасттар ба ҳамлу нақли транзитии бор дар қаламрави ҳарду кишвар пешниҳод гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки

аввали ҳафтаи равон

ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд рахсипор шуд.


Ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро

  дар ин гуфтушунидҳо  муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид роҳбарӣ намуда, он аз 18 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, нақлиёт – Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав – Шавкат Бобозода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғоиб, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев, роҳбарони КВД «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷиктрансгаз» иборат аст.

Ба ҷуз шахсони зикршуда, ҳайати Тоҷикистонро ҳамчунин роҳбарони Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёт низ намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.