170 нафар лейтенантҳои ҷавон ба сафҳои артиш пайвастанд

Ба зиёда аз 170 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рутбаи лейтенант ва дипломи хатми мактаби олии низомӣ супурда шуд. Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми навбатии афсарони ҷавон раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, хешону наздикони хатмкунандагон ҳузур […]

Аваз Юлдошев



Ба зиёда аз 170 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рутбаи лейтенант ва дипломи хатми мактаби олии низомӣ супурда шуд.

Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми навбатии афсарони ҷавон раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, хешону наздикони хатмкунандагон ҳузур доштанд.

«Маросим бо хайрбоди афсарони ҷавон бо Парчами ҷангии Донишкада анҷом пазируфта, ҳамаи хатмкунандагон барои хизмати оянда дар гарнизонҳои саросари кишвар таъинот гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 15 ихтисос афсар тайёр мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Донишкадаро хатмкунандагони худи муассисаи таълимӣ ташкил медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.