Тағйироти навбатӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон

Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» ворид карда шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» ворид карда шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи имрӯза вакилон ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат таҳиягурадида «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масъалаи ворид намудани тағйироту илова қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон»-ро низ баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки вакилони парлумон ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ва Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.