Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони НАТО-ро ба ҳузур пазируфт

Шоми рӯзи 23 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 23 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.

Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи “Барномаи шарикӣ барои сулҳ”ва “Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ” сурат мегирад.

Ба масоили ҳамкорӣ доир ба мусоидат ба таҳкими сулҳу эътидол дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистон бо ин ҳамсоякишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд”.

Ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Шарқи Наздик ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифта, изҳори бовар шуд, ки ҳамкорӣ бо СААШ минбаъд ба хотири дастгирии бештари сохторҳои амниятию дифоии Тоҷикистон ва ба нафъи таҳкими амнияту субот дар минтақа боз ҳам густариш меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.