Боз як имкони ҳуҷҷатсупорӣ барои довталабони мактабҳои олӣ

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон барои довталабони мактабҳои олӣ боз як имкони супурдани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавиро фароҳам овард. Бино ба маълумоти Маркази миллии тестӣ, барои шахсоне, ки бо сабаби узрноки бо ҳуҷҷат тасдиқшуда дар давраи бақайдгирии асосӣ (аз 2‑юми март то 30‑юми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, […]

ASIA-Plus



Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон барои довталабони мактабҳои олӣ боз як имкони супурдани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавиро фароҳам овард.

Бино ба маълумоти Маркази миллии тестӣ, барои шахсоне, ки бо сабаби узрноки бо ҳуҷҷат тасдиқшуда дар давраи бақайдгирии асосӣ (аз 2‑юми март то 30‑юми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, бақайдгирии иловагӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, бақайдгирии иловагӣ аз 20‑ум то 30‑юми июни соли 2015 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) доир карда мешавад.

Хотиррасон мешавад, ки довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.

Маълумоти муфассал дар ин бора бо

суроғаи зерин

қобили дарёфт аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.